Бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба 50 ҳазор $ замин «фурӯхтаанд»

Ду бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрвандони соддаву зудбовар ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА қитъаҳои замин фурӯхтаанд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва бародари 37-солааш солҳои 2013 ва 2014 бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи […]

Asia-Plus

Ду бародарон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳрвандони соддаву зудбовар ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА қитъаҳои замин фурӯхтаанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва бародари 37-солааш солҳои 2013 ва 2014 бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ – 16 ҳазору100, аз марди 51-солаи сокини ноҳияи Вахш -25 ҳазор ва аз зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 9 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, ба онҳо ғайриқонунӣ аз ҳисоби ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ худсарона замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.

Гуфта мешавад, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.