Табиби фин доир ба марги мағзи сари Каримов

Ҷарроҳи мағзу асаби маъруфи Финландия Юха Хернесниеми, ки дар қатори табибони даъватшуда ба муоинаи вазъи солимии Ислом Каримов баъди хунравӣ ба майнаи сар ҳузур дошт, бо вазъи президент шинос шуда, идомаи муолиҷаро нолозим шумурдааст. – Табиб гуфтааст, ҳангоми муоинаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз ҷониби табибони хориҷӣ ӯ воқеан аллакай мурда будаааст. Юха Хернесниеми таъмини […]

Asia-Plus

Ҷарроҳи мағзу асаби маъруфи Финландия Юха Хернесниеми, ки дар қатори табибони даъватшуда ба муоинаи вазъи солимии Ислом Каримов баъди хунравӣ ба майнаи сар ҳузур дошт, бо вазъи президент шинос шуда, идомаи муолиҷаро нолозим шумурдааст.

– Табиб гуфтааст, ҳангоми муоинаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз ҷониби табибони хориҷӣ ӯ воқеан аллакай мурда будаааст. Юха Хернесниеми таъмини сунъии фаъолияти ҷисмро “бозиҳо” унвон кардаааст, – хабар медиҳад РБК бо истинод ба Yle.

“Дар ин марҳилаи беморӣ ҷарроҳӣ дигар ҳеҷ маъние надошт ва ман идомаи муолиҷаро салоҳ надонистам. Бемор аллакай мурда буд, ин марги мағзи сар буд. Гурӯҳи табибони мутахассис хулосаҳои худро иброз доштанд ва баъди ин бозиҳо дар ҳукумат оғоз гардиданд”, – ҳикоят кардааст ҷарроҳ.

Ӯ ҳамчунин шарҳ додааст, ки вазъи ба дастгоҳи таъмини ҳаёти организм пайваст кардани ҷисм ва муддати чанде аз марги бемор хабар надоданро ӯ “бозиҳо” меномад. Аз мисолҳои ба ин монанд Хернесниеми ҳолатҳои ба чунин вазъ гирифтор шудани нахуствазири Исроил Ариэл Шарон ва диктатори Испания Франсиско Франкоро ёдовар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.