Нигаронии Клинтон аз “дахолати Русия ба раванди интихобот”

Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон дар робита ба вуҷуд доштани “маълумоти боэътимод” дар бораи дахолати Русия ба ҷараёни интихобот нигаронӣ изҳор намуда, ҳарифи худ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трампро ба “таваҷҷуҳи зиёд ба диктаторҳо”, ки ба сафи онҳо ӯ президенти Русия Владимир Путинро низ шомил кард, муттаҳам кард. Дар ин […]

Asia-Plus

Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон дар робита ба вуҷуд доштани “маълумоти боэътимод” дар бораи дахолати Русия ба ҷараёни интихобот нигаронӣ изҳор намуда, ҳарифи худ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трампро ба “таваҷҷуҳи зиёд ба диктаторҳо”, ки ба сафи онҳо ӯ президенти Русия Владимир Путинро низ шомил кард, муттаҳам кард. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.

– Ҳиллари Клинтон зикр кард, ки дахолати имконпазири Русия ба раванди интихоботи президент хатари ҷиддиест, ки онро ҳарчи зудтар ва боэътимодона бартараф кардан зарур аст, – менависад Bloomberg.

Клинтон қайд кардааст, ки президенти Русия ва ёварони ӯ шояд чунин шуморанд, ки аз ин нафъе ба даст меоваранд. «Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки ба ҳеҷ касе барои дахолат роҳ намедиҳем», – иттилоъ медиҳад РБК.

Дар посух ба саволи журналистон дар дохили ҳавопаймо Клинтон изҳор намудааст, ки ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон бояд аз чунин рафтори Русия нигарон бошанд. «Дар мо ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ки нерӯҳои хориҷӣ ба раванди интихобот дахолат намоянд ва номзади яке аз ҳизбҳои асосӣ аз русҳо даъват кунад, ки боз ҳам бештар ба хакерӣ машғул шаванд», – гуфтааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.