Идораи роҳи оҳан локомотив ва қатораи дизелӣ харид

Дар остонаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз Қазоқистон локомотиви муосири магистралӣ харидорӣ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти идораи роҳи оҳан, ин локомотив бо таҷҳизоти барқӣ муҷаҳҳаз буда, нисбатан камтар сӯзишворӣ харҷ мекунад ва панҷумин локомотиве аст, ки тайи солҳои ахир аз Қазоқистон дастрас шудааст. Гуфта мешавад, ғайр […]

Аваз Юлдошев

Дар остонаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз Қазоқистон локомотиви муосири магистралӣ харидорӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти идораи роҳи оҳан, ин локомотив бо таҷҳизоти барқӣ муҷаҳҳаз буда, нисбатан камтар сӯзишворӣ харҷ мекунад ва панҷумин локомотиве аст, ки тайи солҳои ахир аз Қазоқистон дастрас шудааст.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, аз Эстония низ қатораи дизелӣ харидорӣ шудааст, ки бо муҳаррик (двигатель)-и истеҳсоли Олмон муҷаҳҳаз буда, аз 6 вагон иборат аст ва дар 1 километр ҳамагӣ 1,5 литр сӯзишворӣ масраф менамояд. Ду вагони қатораи дизелӣ 68 ҷойи нишаст, 3 вагон – 128 ҷойи нишаст ва 1 вагон – 48 ҷойи нишаст барои мусофирон доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.