Шумораи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни Истиқлолият

Иттилоияи расмӣ

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсуси идонаро дар ҳаҷми 56 саҳифаи ранга ва бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба табъ расонд.

Ҳадаф аз нашри шумораи махсуси идонаи «Тоҷикистон», ки худ ҳампойи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, инъикоси дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

Дар саҳифаҳои ҳафтанома матолиби ҷолибу хонданӣ дар мавзӯъҳои сиёсат, иқтисод,  энергетика, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, иҷтимоиёт ва фарҳангу адабиёт дарҷ гардидаст.

Андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳон, монанди Кофи Аннан, Владимир Путин, Кочерил Роман, Қаҳҳор Маҳкамов, Аҳмадшоҳи Масъуд, Расул Ғамзатов, Владимир Варонин, Роберт Кочерян, Сайид Абудуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Адриев Кларксон, Геннадий Селезнёв ва пора аз китоби Шариф Ҳамдампур, «Президент: тафсилоти як сафари пурхатар» – «Девдара чӣ гуна ба Гулдара мубаддал шуд» аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолият нақл мекунад.

Мақолаҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов – «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият», директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати ҶТ Рустами Эмомалӣ – «Истиқлолият роҳ ба сӯйи ҳадафҳои тақдирсоз аст», муовини раиси МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ – «Тоҷикистон – амнтарин кишвари минтақа», вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  – «Бозувони тавоно файзи Истиқлоли кишвар аст», сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб – «Гумрук – зодаи Истиқлолият», раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода – «Мақомоти андоз дар 25 соли Истиқлолият», раиси шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Амирзода –  «Бунёди Ваҳдат: дар он нақши дастони Пешвои миллат аст», раиси шаҳри Турсунзада Сиҷоуддин Саломзода –  «Турсунзода ва Истиқлолияти миллӣ», раиси ноҳияи Шаҳринав, Аюбзода Нусратулло –  «Шаҳринав – ҳамқадами Истиқлолият», раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед  – «Хуршеди Истиқлол Бадахшонро эҳё кард», раиси вилояти Суғд Абдураҳон Қодирӣ  – «Ватанамонро боз ҳам шукуфон хоҳем кард», вазири маориф ва илми ҶТ Саид Нуриддин Саид – «Рушди маориф ва илм дар 25 соли Истиқлолият», раиси ноҳияи Мурғоб Мурзабай Чашбаев –  «Мурғоб ба шаҳраки транзитӣ табдил меёбад», ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ – «Дастовардҳои донишгоҳ дар замони Истиқлолият, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода – «Низоми кредитӣ ва рушди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар замони Истиқлолият», ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода – «Донишкадами мо «Тоҷ» дорад» аз матолиби хонданӣ ва муҳими шумораи махсуси идона ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар саҳфаҳои «Тоҷикистон» доир ба дастовардҳои як қатор корхонаҳои саноативу истеҳсолии хурду бузурги мамлакат, сохтмонҳои азим, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва ғайра мақолаҳо фаровонанд.

Табрикоту таманниёти чеҳраҳои шинохтаи кишвар, аъзои ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» академикҳо Талбак Назаров, Муҳиба Яъқубова, доктор Масъуди Миршоҳӣ (Фаронса), профессор Замира Ғаффорова, нависанда Шоистаи Равшан (Қирғизистон), ҳуқуқшинос Равшан Носирӣ (Ҳолланд) ва ашъори шоирони шинохта Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳадиса Қурбонова, Ҷумъа Қувват ба шумора шаҳомати идона бахшидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...