Нишасти таъҷилии ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Бишкек

Васоити ахбори умуми Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати милллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” рӯзи 7 сентябр ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек нишастааст. Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи “Манас” хабар додаанд, ки санаи 7 сентябр ҳавопаймои хатсайри Бишкек – Душанбеи ширкати “Тоҷик Эйр” ба сафар баромада, вале соати 13:00 ба фурудгоҳ баргашта, таъҷилан […]

Asia-Plus

Васоити ахбори умуми Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати милллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” рӯзи 7 сентябр ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек нишастааст.

Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи “Манас” хабар додаанд, ки санаи 7 сентябр ҳавопаймои хатсайри Бишкек – Душанбеи ширкати “Тоҷик Эйр” ба сафар баромада, вале соати 13:00 ба фурудгоҳ баргашта, таъҷилан фуруд омадааст.

“Мо маҳз бо кадом сабабҳо баргаштани ҳавопайморо намедонем. Дар ин ҳолатҳо ширкати машғул ба ҳамлу нақл бояд мусофиронро бо меҳмонхона ва хӯрок таъмин намояд, вале ин дафъа ҳамаи мусофирон зимни интизорӣ дар фурудгоҳ қарор доштанд”, – шарҳ додаанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас”.

Хабаргузории “Кабар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 12 соат мунтазир шудан ва бо ғизову меҳмонхона таъмин нагардиданашон шикоят кардаанд.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Эрмек Омуралиев ба Zanoza.kg доир ба тафсилоти нишасти изтирории ҳавопаймо маълумот дода изҳор намудааст, ки зимни парвоз дар кори ҳавопаймо мушкилӣ пайдо шудааст.

“Мо мақомоти марбутаи Тоҷикистонро аз ин вазъ огоҳ кардем. Онҳо ба Бишкек ҳавопаймо фиристода, аввал мо гумон доштем, ки ин ҳавопаймо мусофирони дар фурудгоҳи “Манас” қарордоштаро мегирад, вале баъдтар маълум шуд, ки ин ҳавопаймо бо қисмҳои эҳтиётӣ ва мутахассисони техникӣ омадааст”, – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, субҳи имрӯз, 8 сентябр барои ба Душанбе бурдани мусофирон мақомоти Тоҷикистон ҳавопаймои сеюмро фиристода, соати 08:30 дақиқа ҳавопамйои “Боинг-300” мусофиронро бо худ гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.