Барои муноқиша дар бозии Тоҷикистону Ӯзбекистон диаспораҳо узр пурсиданд

Барои сар задани муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон диаспораҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон аз сокинони шаҳри Братски вилояти Иркустк маъзарат хостанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти маъмурияти шаҳри Братск, дар номаи диаспораҳои миллӣ қайд шудааст, ки «қисмате аз мухлисон ба эҳсосот дода шуда, талоши ба майдон баромаданро карданд ва ин […]

Asia-Plus

Барои сар задани муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон диаспораҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон аз сокинони шаҳри Братски вилояти Иркустк маъзарат хостанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти маъмурияти шаҳри Братск, дар номаи диаспораҳои миллӣ қайд шудааст, ки «қисмате аз мухлисон ба эҳсосот дода шуда, талоши ба майдон баромаданро карданд ва ин амал ба сар задани муноқиша боис гардид».

«Самимона умедворем, ки ин ҳодиса муносибатҳои шаҳрдорӣ бо диапораҳоро халалдор намесозад. Аз ҷониби худ мо ҳамаҷониба талош меварзем, ки дигар чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд ва муноқишаи дар варзишгоҳи «Металлург» рухдода идома наёбад», – таъкид шудааст дар нома.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия доир гардид, байни мухлисон муноқишаву занозанӣ сар зад.

Дар навбати худ, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар робита ба маълумот доир ба муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Братск изҳороти расмӣ пахш намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.