Кумаки HRW ба пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо намояндагони  Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW) Стив Свердлов ва хонум Виктория Ким вохӯрӣ доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмононро сардори Раёсати  ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ва ВКД ҷиҳати масъалаҳои вобаста […]

Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо намояндагони  Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW) Стив Свердлов ва хонум Виктория Ким вохӯрӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмононро сардори Раёсати  ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ва ВКД ҷиҳати масъалаҳои вобаста ба хушунати хонаводагӣ бо созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо дошта, заминаи қонунгузорӣ дар ин самтро хеле такмил дода истодааст.

“Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия нозирони кор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, мунтазам чорабиниҳои омӯзишию вохӯриҳои судманд доир карда мешаванд. Дар ин самт бо истифода аз дастовардҳои пешқадам як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва он идома дорад”, – иброз дошт ӯ.

Намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар ҷаноби Стив Свердлов низ дар навбати худ, барои пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки созмони онҳо омода аст, бо идораву ташкилотҳои Тоҷикистон, ки дар доираи ваколатҳояшон ба пешгирии хушунати хонаводагӣ сару кор доранд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.

Дар доираи рӯзномаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мубориза зидди хушунати хонаводагӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон, кӯмаки руҳию равонӣ ба ҷабрдидагони чунин ҳодисаҳо, коркарди механизмҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотима, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.