Дархости расмии Туркия аз ИМА ҷиҳати боздошти Гюлен

Туркия барои боздошти Фатҳуллоҳ Гюлен, раҳбари ҳаракати "Хизмет", ки дар ИМА иқомат дорад, ба Кохи сафед расман дархост фиристодааст. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews, мақомоти Туркия ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюленро дар он айбдор мекунанд, ки гӯиё барои сарнагунии ҳукумати феълии ин кишвар забон як кардаанд. Масъалаи истирдоди руҳонии турк ба ватан ибтидои моҳи сентябри соли равон […]

TojNews

Туркия барои боздошти Фатҳуллоҳ Гюлен, раҳбари ҳаракати "Хизмет", ки дар ИМА иқомат дорад, ба Кохи сафед расман дархост фиристодааст.

Бино ба иттилои хабаргузории TojNews, мақомоти Туркия ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гюленро дар он айбдор мекунанд, ки гӯиё барои сарнагунии ҳукумати феълии ин кишвар забон як кардаанд.

Масъалаи истирдоди руҳонии турк ба ватан ибтидои моҳи сентябри соли равон зимни мулоқоти Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама, ки дар Чин баргузор гардид, баррасӣ шуда буд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии маъмурияти Амрико, Обама зимни суҳбат бо Эрдуғон исрор варзидааст, ки ин масъала на ба таври сиёсӣ, балки ба гунаи ҳуқуқӣ бояд ҳал шавад.

Қаблан Туркия борҳо аз ИМА даъват карда буд, ки Гюленро ба Анқара таслим кунад. Дар як қатор шаҳрҳои Туркия низ гирдиҳамоиҳо ба ҷонибдорӣ аз ин дархост баргузор шуд. Аммо Гюлен даст доштанашро дар кӯшиши сарнагун кардани ҳукумати Эрдуғон дар суҳбат бо телевизионҳои амрикоӣ борҳо рад кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.