Шоири тоҷикзабони Ӯзбекистон 5 сол боз нашри монографияаш дар Душанберо интизор аст

Шоири тоҷикзабон, нависанда ва муҳаққиқ аз Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмат Самарқандӣ панҷ сол қабл монографияи илмии худ бо забони тоҷикӣ «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ»-ро барои чоп ба нашриёти «Адиб» супурд. Тавре ба «Азия-Плюс» худи шоир хабар дод, монографияи 440-саҳифагӣ аз 1 ҳазору 350 калимаву ибораҳои рехтаи тоҷикони Осиёи Миёна иборат аст, ки шоири бузург Румӣ дар […]

Аваз Юлдошев

Шоири тоҷикзабон, нависанда ва муҳаққиқ аз Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмат Самарқандӣ панҷ сол қабл монографияи илмии худ бо забони тоҷикӣ «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ»-ро барои чоп ба нашриёти «Адиб» супурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» худи шоир хабар дод, монографияи 440-саҳифагӣ аз 1 ҳазору 350 калимаву ибораҳои рехтаи тоҷикони Осиёи Миёна иборат аст, ки шоири бузург Румӣ дар эҷодиёташ истифода кардааст ва то имрӯз ин калимаву ибораҳоро сокинони зодгоҳаш ба кор мебаранд.

«Ман исбот карданиам, ки дар муқоиса бо Эрон то имрӯз забони софи форсиро тоҷикони Осиёи Миёна нигаҳдорӣ кардаанд», – таъкид дошт шоир.

Ӯ қайд кард, ки муддати 5 сол нашриёти «Адиб» ва Вазорати фарҳангӣ Тоҷикистон барои чопи моногафияи ӯ маблағ пайдо карда наметавонанд. «Ду моҳ пеш 73-сола шудам ва умедворам, ки то охири соли ҷорӣ ин мушкилот ҳаллу фасл мешавад», – изҳори умедворӣ кард ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.