Дар Туркманистон ҳам муҳлати президентӣ то 7 сол дароз шуд

Порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард, ки маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентро аз байн бурда, муҳлати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол дароз кардааст. Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ҳарчанд мақомоти Туркманистон далели ин тағйирот, бахсус бахши вобаста ба синни номзад ва муҳлати раёсати ҷумҳуриро рӯшан баён накардаанд, вале тахмин меравад, ин […]

Радиои Озодӣ

Порлумони Туркманистон Конститутсияи навро қабул кард, ки маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентро аз байн бурда, муҳлати раёсати ҷумҳуриро аз панҷ то ҳафт сол дароз кардааст.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ҳарчанд мақомоти Туркманистон далели ин тағйирот, бахсус бахши вобаста ба синни номзад ва муҳлати раёсати ҷумҳуриро рӯшан баён накардаанд, вале тахмин меравад, ин тағйирот роҳи минбаъдаи раиси ҷумҳури феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои боқӣ мондан дар қудрат ҳамвортар хоҳад кард. Қонуни нав баъди имзо шудан аз тарафи Бердимуҳаммадов рӯзи 14 сентябр ба иҷро даромад.

Бар асоси Конститутсияи пешинаи Туркманистон, ки соли 2008 қабул шудааст, афроди аз 70-сола боло ҳаққи интихоб шудан ба мақоми президенти ин кишварро надоштанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси ҳукумат ва вазири беҳдошт кор кардааст. Баъди эълони марги Ниёзов маҳз Бердимуҳаммадов раҳбарии маросими дафни президенти аввалро ба ӯҳда дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.