Ашқобод доир ба тақвияти суръати сохтмони роҳи оҳани Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи тақвияти корҳо дар сохтмони роҳи оҳан, ки бидуни убури марзи Ӯзбекистон, ин кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, изҳори андеша кард. Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDH),  имрӯз зимни суханронӣ дар парлумон сарвари давлати Турманистон қайд кард, ки «айни замон корҳои сохтмони роҳи оҳани Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон босуръат идома доранд». Аввали […]

Пайрав Чоршанбиев

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи тақвияти корҳо дар сохтмони роҳи оҳан, ки бидуни убури марзи Ӯзбекистон, ин кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, изҳори андеша кард.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDH),  имрӯз зимни суханронӣ дар парлумон сарвари давлати Турманистон қайд кард, ки «айни замон корҳои сохтмони роҳи оҳани Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон босуръат идома доранд».

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати Туркманистон то ҳол протокол дар бораи минбаъд амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани мазкурро, ки аз ҷониби Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расидааст, маъқул нашуморидааст.

Ӯ қайд кард, ки ин протоколро Афғонистону Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 ба имзо расонида, сипас ба баррасии ҳукукмати Турманистон фиристода шудааст ва то ҳол аз он ҷо посухе нагирифтаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки қаблан дар интихоби хатсайри роҳ тариқи қаламрави Афғонистон баҳсҳо вуҷуд доштанд. «Дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон ду хатсайр пешниҳод шуда, хатсайри кӯтоҳи он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва масофааш 160 километрро ташкил медиҳад ва масофаи хатсайри нисбатан дарозтари аз ҷониби Афғонистон пешниҳодшуда ба беш аз 500 километр баробар аст. Бо Афғонистон мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳо тавофуқ ҳосил кардем, акнун мувофиқасозии баъзе ҳолатҳо бо Туркманистон боқӣ мондааст», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Туркманистон аллакай сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар қаламрави кишвари худашро, ки 88 километрро ташкил медиҳад, ба итмом расонидааст. Айни замон ҷониби Туркманистон аз ҳисоби худ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар Афғонистон то шаҳри Андхой машғул аст.

Охири соли гузашта Бонки осиёгии рушд изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воистаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер