Раҳпаймоии идона дар Хуҷанд бо иштироки 15 ҳазор нафар сокинони шаҳр

Баҳром Файзуллоев

Дар шаҳри Хуҷанд ба чорабинии асосии идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – намоиши пуршукӯҳи театрикунонидашуда ва раҳпаймоии идона, ки шоми имрӯз, 14 сентябр доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Бино ба маълумоти масъулини ташкили ин чорабинӣ, раҳпаймоӣ, гузашт ва намоиши театрикунонидашуда бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар имрӯз дар майдони назди маҷмааи нави таърихиву фарҳангии “Истиқлол” доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, то оғози чорабиниҳои зикргардида сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маҷмааи навро расман ифтитоҳ хоҳад кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати вилояти Суғд Аюбҷон Раҳматов иттилоъ дод, дар маркази маҷмаа иншооти баландиаш 58 метр қомат афрохта, он дар соҳили рости Сирдарё, дар маркази гузаргоҳи паҳлӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд воқеъ аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...