Роҳбари маъмурияти муваққатии «Тоҷиксодиротбонк» аз мансабаш дар БМТ даст кашид

Мавзуна Абдуллоева

Мирҳаёт Ёқубов – раҳбари муваққати "Тоҷиксодиротбонк" – аз мақоми пешинааш дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) даст кашидааст. Вай муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ буд ва моҳи май баъди омадан ба "Тоҷиксодиротбонк" ҳамзамон дар ҳарду вазифа кор мекард.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфтаанд, ки "Мирҳаёт Ёқубов бо ихтиёри худаш ариза навишта ва ин вазифаро канор гузошт. Зеро вай наметавонад, ду масъулиятро ҳамзамон иҷро кунад. Барои ҳамин, салоҳ донист, ки яке аз вазифаро бо масъулият иҷро кунад."

Мирҳаёт Ёқубови 32-сола моҳи майи имсол, баъди бад шудани вазъи молии "Тоҷиксодиротбонк" барои се моҳ раҳбарии муваққати ин бонкро бар дӯш гирифт. Баъдан, дар моҳи август маъмурияти муваққатии ӯ ва ҳамроҳонаш барои се моҳи дигар – то 18 ноябри соли 2016 тамдид карда шуд.

Мохи август, замони тамдиди муҳлати раҳбарии М.Ёқубов дар маъмурияти муваққатии «Тоҷиксодиротбонк», БМТ изҳор намуда буд, ки дар се моҳи фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар мавриди солимгардонии фаъолият ва устувории кори бонк натиҷаҳои назарраси мусбат ҳосил шудаанд.

Зикр гардида буд, ки бо дастури роҳбари маъмурияти муваққатӣ оид ба баргардонидани қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои марут ба мушкилот гурӯҳи махсус таъсис ёфта, натиҷаи кори муваффақонаи онҳо – баргардони қарзҳо (41,5 млн. сомонӣ) бо фоизҳояш (14,6 млн. сомонӣ) дар ҳаҷми умумии 56,1 млн. сомонӣ мебошад, ки пеш аз ҳама ба пардохти уҳдадориҳои аввалиндараҷаи бонк, аз ҷумла пардохти маош тариқи кортҳо ба маблағи умумии беш аз 7,5 млн. сомонӣ ба зиёда аз 30 ҳазор мизоҷон равона гардидаанд.

Ғайр аз ин, замони раҳбарии муваққатии М.Ёқубов дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъии дорои суратҳисоб дар бонк, оид ба тамдиди муҳлатҳои амонатҳои амалкунанда шартномаҳо ба имзо расида, фоизҳои 909 нафар амонатгузорон аз рӯи он ба маблағи умумии 133,4 млн. сомонӣ бозбинӣ шуданд.

Аммо чанд рӯз қабл аз таъини такрорӣ Мирҳаёт Ёқубов қаҳрамони як ҳодисаи пурсарусадо гардид. Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев ӯро ба лату кӯб муттаҳам кард.

Дар посух маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маълумоти лату кӯби Абдулмуъмин Оевро аз ҷониби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...