Бархӯрди қатораҳо дар Покистон: 6 нафар ҳалок ва 150 нафар осеб диданд

Дар музофоти Панҷоби Покистон ду қатора ба ҳамдигар бархӯрда, бар асари ин ҳодиса 6 нафар ҳалок ва беш аз 150 нафари дигар осеб диданд. Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, бархӯрди қатораҳо дар наздикии шаҳри Мултан субҳи рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайваста, қатораи мусофирбаре, ки аз Пешовар ба Қарочӣ ҳаракат доштаст, ба қатораи боркаше бархӯрдааст, […]

Asia-Plus

Дар музофоти Панҷоби Покистон ду қатора ба ҳамдигар бархӯрда, бар асари ин ҳодиса 6 нафар ҳалок ва беш аз 150 нафари дигар осеб диданд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, бархӯрди қатораҳо дар наздикии шаҳри Мултан субҳи рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайваста, қатораи мусофирбаре, ки аз Пешовар ба Қарочӣ ҳаракат доштаст, ба қатораи боркаше бархӯрдааст, ки ин қатора дар ин вақт набояд дар роҳ ҳузур медошт.

Гуфта мешавад, бар асари бархӯрд чор вагони қатораи мусофирбар чаппа шудаааст. Сабаби садама алҳол номаълум боқӣ монда, мақомоти дахлдор ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд.

Зикр мегардад, ки айни замон наҷотдиҳанагон ҳамаи мусофирони дар қатора дармондаро ба берун бароварда, осебдидагон ба бемористонҳои наздиктарин мунтақил шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.