Аудит: Бидуни дастгирӣ «Барки тоҷик» ба муфлисӣ дучор мешавад

Пайрав Чоршанбиев

Дар ҳисоботи ширкати аудити Baker Tilly Klitou and Partners SRL, ки дар сомонаи ШСХК “Барқи тоҷик” интишор шудааст, зикр мегардад, ки агар ширкат аз ҷониби саҳҳоми худ дастгирӣ наёбад, ба идомаи фаъолият қодир нест.

Ягона саҳмиядори ширкати “Барқи тоҷик” ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки молики бастаи назоратии саҳмияҳои ширкат аст.

Дар ҳисобот қайд мешавад, ки соли 2015-ро ширкат ба маблағи беш аз 2,8 млрд. сомонӣ зиёни молӣ ҷамъбаст намуда, дар сурати қодир набудани он ба идомаи фаъолият, амалиёти тасҳеҳӣ бояд тавре сурат гиранд, ки арзиши дороиҳо то арзиши ҷубронпазири онҳо оварда шаванд, то ки ҳама гуна уҳдадориҳои минбаъдаи пайдошуда оид ба дороиҳои дарозмуҳлат ва уҳдадориҳо ба сифати дороиҳои кӯтоҳмуҳлат ва уҳдадориҳои ҷорӣ баргардонида шаванд.

Гуфта мешавад, аудиторҳо аз саҳҳоми асосӣ нома гирифтаанд, ки дар он идомаи дастгирии молиявии ширкат аз ҷониби он тасдиқ мешавад.

Ҳамчунин дар ҳисобот зикр мегардад, ки раҳбарияти ширкат “тартиботи зарурии марбут ба эътирофи даромадҳо, қарзи дебиторӣ ва пешпардохтҳои гирифта барои нерӯи барқро роҳандозӣ накардааст”.

“Аз ин рӯ, мо ба мукаммалӣ ва дурустии эътирофи даромадҳо, қарзи дебиторӣ ва пешпардохтҳои гирифта барои нерӯи барқро дар ҳисоботи молиявии муттаҳидшуда баҳогузорӣ карда натавонистем”, – изҳор кардаанд аудиторон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, охири нимсолаи аввал қарзи ширкат қариб ба 12 млрд. сомонӣ расида, 10 млрд.-и он – қарз ба Вазорати молия аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мебошад.

Ҳаҷми умумии қарзҳои кӯтоҳмуҳлати ширкат ҳудуди 2 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 – 627,2 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи Сангтӯда-2 – наздики 410 млн. сомонӣ қарздор аст.

Ба охири моҳи июни соли равон қарзи дебиторӣ ба ширкати “Барқи тоҷик” каме бештар аз 1,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла қарзи аҳолӣ ба – 621,7 млн. сомонӣ, КВД “ТАЛКО” – ба 468 млн. сомонӣ, пойгоҳҳои обкашӣ – ба 67 млн. сомонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ – ба 97 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...