Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Бишкек

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Бишкек рӯзи15 сентябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазоратикорҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Бишкек рӯзи15 сентябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазоратикорҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин ҳамин рӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамо ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию-гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳадӣ, инчунин таҳкими заминаи шартномави-ҳуқуқӣ баррасӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин С.Аслов ва Э.Абдилдаев доир ба вазъияти минтақа мубодилаи афкор намуда,  таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.