Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти ИДМ ба Бишкек раҳсипор шуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президентро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди президент Гулнора Ҳазанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст. Дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуда, Турманистонро – муовини раиси Девони вазирон, Молдоваро – нахуствазир, Ӯзбекистонро – вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафири ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули як қатор асноди бисёрҷониба, аз ҷумла изҳорот оид ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ, мушкилоти муомилоти маводи нашъаовар, изҳорот доир ба 70-солагии трибунали Нюрнберг, қарорҳои тадорукотӣ, аз қабили раёсати Русия дар ИДМ соли 2017 дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...