Таҳқиқи ҳодисаи бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» рухдода

Мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳодисаи ғайримунтазираи бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 14 сентябр рухдодаро, ки аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор гардида буд, мавриди таҳқиқу санҷиш қарор додаанд. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки доир ба сабабҳои ин ҳодиса сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст, зеро санҷиш то […]

Пайрав Чоршанбиев

Мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳодисаи ғайримунтазираи бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 14 сентябр рухдодаро, ки аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор гардида буд, мавриди таҳқиқу санҷиш қарор додаанд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки доир ба сабабҳои ин ҳодиса сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст, зеро санҷиш то ҳол анҷом наёфтааст.

«Дар хулосаи мутахассисон сабабҳои ба чунин ҳолат дучор гардидани ҳавопаймо шарҳ дода шуда, ҳамчунин тавсияҳо низ дода хоҳанд шуд, то ки чунин ҳодиса бори дигар такрор нашавад», – гуфт ӯ.

Дар робита ба санҷиши сартосарии ҳолати техникии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, вазир қайд кард, ки «мувофиқи қоидаҳои техникӣ, чунин санҷишҳо мунтазам гузаронида мешаванд, вале санҷиши ҳар як ҳодиса алоҳида доир мегардад».

Ёдрас мекунем, ки соати 00:33-и рӯзи 14 сентябр ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои Боинг 737-800, ки мансуб ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» буда, аз рӯйи хатсайри №203, самти Душанбе – Санкт-Петербург парвоз мекард, ба фурудгоҳи ибтидоӣ баргардонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.