Шикояти пахтачинони Бохтар ба вакил аз пардохт нашудани музди кор

Дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Тоҳир Ҷобирзода имрӯз аз пахтазорони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон боздид намуда, бо пахтачинон суҳбат кард. Зимни суҳбат пахтачинон ба вакил шикоят карданд, ки саривақт музди корашонро намегиранд. «Ба мо барои чиниши 1 кило пахта пардохти 40 дирам ва пеш аз оғози мавсими ҳосилғундорӣ ҳамарӯза […]

Аваз Юлдошев

Дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Тоҳир Ҷобирзода имрӯз аз пахтазорони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон боздид намуда, бо пахтачинон суҳбат кард.

Зимни суҳбат пахтачинон ба вакил шикоят карданд, ки саривақт музди корашонро намегиранд. «Ба мо барои чиниши 1 кило пахта пардохти 40 дирам ва пеш аз оғози мавсими ҳосилғундорӣ ҳамарӯза дар охири кор гирифтани онро ваъда карда буданд, вале ин ваъда на ҳама вақт иҷро мешавад ва ғайр аз ин, масъалаи афзудани маблағи пардохт барои 1 кило ҳам зарур аст», – гуфтанд деҳқонон ба вакил.

Дар ҷараёни мулоқот бо вакил кишоварзон ҳамчунин ба масоили марбут ба ҳифзи иҷтимоиву соҳаи маориф ва кумаки ройгони тиббӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва Т.Ҷобирзода онҳоро мутмаин сохт, ки ҳамаи хоҳишу дархост ва пешниҳоди онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор расонида мешавад.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол кишоварзони Тоҷикистон 368 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.

Имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий нахи пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.