Зиёрати қабри Каримовро бо дучарха ба «ҳаҷҷи асғар» баробар карданд

Радиои Озодӣ

Ҳамдеҳагони Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Узбакистон, ки ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд, ӯро бо туҳфа пешвоз гирифтаанд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Ҳусан Ҳоҷибоевро барои зиёрати қабри Ислом Каримов ба "ҳаҷҷи асғар" (ё ҳаҷҷи хурд) баробар кардаанд.

Гуфта мешавад, қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ карда, барои Ҳоҷиебоев дучархаи нав ва яхдон харидаанд. Акнун пирамард ният дорад, бо дучархаи туҳфашуда ба зиёрати ҳаҷҷ равад.

"Ба сари қабри Каримов рафтан ҳам худаш адои ҳаҷ буд. Ман дар Самарқанд ба хонаи авлодии Каримов рафтам, ҳамаро дохил шудан намемонанд, аммо ман ворид шудам. Ба сари қабри вай низ ҳамаро наздик шудан намемонанд", – нақл кардааст Ҳоҷибоев.

Зимнан зикр мегардад, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супурданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...