Даъвати филми коргардони тоҷик ба се кинофестивали байнулмилалӣ

Баҳром Файзуллоев

Аз рӯи натиҷаҳои Ҷашнвораи XII байнулмилалии кинои мусалмонӣ дар шаҳри Қазони Русия филми кӯтоҳмуддати коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар «Коса» ба иштирок дар се ҷашнвораҳои дигари байнулмилалӣ – дар шаҳрҳои Лондону Рим ва Дакка (Бангладеш) даъватнома гирифт.

Дар ҷашнвораи кинои Қазон, ки таҳти унвони «Тавассути муколамаи фарҳанг – ба фарҳанги муколама» доир гардид, дар қатори 60 филм аз 33 кишвари дунё филми тоҷикии «Коса» низ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дилошӯб Орифзода, продюсери киностудияи «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ин робита иттилоъ дод, ки аллакай моҳи октябри соли ҷорӣ филми «Коса» дар Ҷашнвораи якуми байнулмилалии Open Central Asia International Arts Festival дар Лондон ва сипас дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Рим ва Дакка намоиш дода мешавад.

Филми "Коса" 25 дақиқаро дарбар гирифта, дар мавзӯи муҳим- оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он бахшида шуда, сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия шудааст. Сенариянависи филм Бахтиёр Каримов буда, нақшҳои асосиро дар он Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Ислом Саломов ва актриса Сайёда Турсунова иҷро мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.