Ҳуҷуми маргбор ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар дараи Камароб

Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, шаш сол пур мешавад. Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода […]

Имрӯз аз ҳодисаи фоҷеабори дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 25 нафар ва тибқи иттилои ғайррасмӣ, на камтар аз 40 тан сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд, шаш сол пур мешавад.

Он замон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки дар доираи амалиёти боздошту безарар гардонидани маҳбусони рӯзи 23-юми август аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ фирорнамуда қатори автомашинаҳо бо 75 нафар афсарону сарбозони нерӯҳои ҳукуматӣ ба водии Рашт раҳсипор шуда, дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов,  Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.

Дар муддати якчанд моҳ ба нерӯҳои ҳукумат нобуд сохтани ҷангиёни ҷудогона муяссар шуд ва танҳо аввали соли 2011 Алӣ Бедакӣ бо ҷонибдоронаш ва моҳи апрели ҳамин сол Мулло Абдулло низ кушта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ талафоти ҷонӣ доданд. Баъдтар Мирзохӯҷа Аҳмадов бо 11 нафар ҳаммаслакони худ ихтиёрӣ ба Раёсати ВКД Рашт ҳозир шуда, як миқдор аслиҳаи оташфишони худро таслим  ва ба сафи ҷонибдорони ҳукумат пайвастанд.

То моҳи ноябри соли 2011 нисбати 28 тан аз сокинони водии Рашт, ки дар кумаку мусоидат ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар рӯйдодҳои соли 2010 дар водии Рашт гунаҳкор дониста шуданд, ҳукм содир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.