Хабари аксияи эътирози ҷонибдорони ҲНИТ дар твиттери Стив Свердлов

Asia-Plus

Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон – аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.

Дар акс дида мешавад, ки дар аксия ҳудуди 20 нафар фаъолон ширкат варзида, сарулибос (футболка) бо тасвири ҳабсшудагон ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ»-ро дар бар доранд. Фаъолон назди яке аз деворҳои толор саф кашида, ба суханрониҳо халал эҷод намекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд, ки аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) созмон дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.