Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи садама бо иштироки писари муовини аввали нахуствазир

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи далели садамаи марговари нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. – Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои содир шудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ […]

Мавзуна Абдуллоева

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи далели садамаи марговари нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

– Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои содир шудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) боз шуд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ба тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур Вазорати корҳои дохилӣ машғул шуда, назорат аз болои тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-и Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрда, бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби рӯзи 10 сентябр дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт рух дода буд.

Ҳафтаи гузашта модари Фаромӯз дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама писараш сархуш набуда, ин ҳодиса бар асари мушкилоти техникӣ бо автомашина ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи модари Фаромӯз, ин автомшаина ду ҳафта пеш харида шуда, сарусадо дар бораи гӯиё сархуш будани писараш поя надорад. «Сабаби аслии ин садама мушкили чанбараки мошин, яъне ба иллати фаннӣ рух додааст. Вақте мехостааст, ба самти дигар ҳаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархӯрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам", – гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин номбурда изҳор доштааст, ки бо вуҷуди он ки садамаи писараш тасодуфӣ буд, вале онҳо омода ҳастанд, ки ба хонаводаи қурбониёни ин садама кумак кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.