Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи садама бо иштироки писари муовини аввали нахуствазир

Мавзуна Абдуллоева

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи далели садамаи марговари нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

– Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои содир шудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) боз шуд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ба тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур Вазорати корҳои дохилӣ машғул шуда, назорат аз болои тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-и Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрда, бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби рӯзи 10 сентябр дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт рух дода буд.

Ҳафтаи гузашта модари Фаромӯз дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама писараш сархуш набуда, ин ҳодиса бар асари мушкилоти техникӣ бо автомашина ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи модари Фаромӯз, ин автомшаина ду ҳафта пеш харида шуда, сарусадо дар бораи гӯиё сархуш будани писараш поя надорад. «Сабаби аслии ин садама мушкили чанбараки мошин, яъне ба иллати фаннӣ рух додааст. Вақте мехостааст, ба самти дигар ҳаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархӯрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам", – гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин номбурда изҳор доштааст, ки бо вуҷуди он ки садамаи писараш тасодуфӣ буд, вале онҳо омода ҳастанд, ки ба хонаводаи қурбониёни ин садама кумак кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...