Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми донишҷӯёни макотиби олии кишварро, ки дар намоишномаи театрикунонидашуда ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок карда буданд, аз пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт озод кард.
Тамоми муддати соли хониш, яъне 9 моҳ 12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо билетҳои махсуси роҳкиро (проездной) дода мешавад.
Ин қарор дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шуд, ки бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа доир гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 2 январ то 26 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе марафони меҳнати созанда гузаронида мешавад.


