Гуфтушуниди раиси вилояти Суғд бо сафири ИМА

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 19 сентябр бо сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Милард дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат Абдураҳмон Қодирӣ доир ба вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумот дода, дар ин росто аз таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, сохтмони шаҳракҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 19 сентябр бо сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Милард дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат Абдураҳмон Қодирӣ доир ба вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумот дода, дар ин росто аз таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, сохтмони шаҳракҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ ёдовар шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ ташкил карда шуд ва дар натиҷаи ислоҳот теъдоди зиёди сокинон бо кор таъмин гардиданд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш ёфт. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ барои ҷалби бонувони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ва пасон ба кор такони ҷиддӣ бахшид ва имрӯзҳо дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳот марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Илова бар ин ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва теъдоди зиёди сокинон бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.

Дар идомаи сӯҳбат Раиси вилоят хостори густриши робитаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзиву саноат гардида, омодагии роҳбарияти вилоятро дар ин самт изҳор дошт.

Дипломати амрикоӣ дар навбати худ аз истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуд. Элизабет Милард омодагии ҷонибашро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои соҳибкорӣ, кишоварзӣ, савдову хизматрасонӣ баён дошта, изҳори умед намуд, ки ҷонибҳо минбаъд низ барои тавсеи ҳамкориҳо иқдом менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...