Раиси пойтахт 12,8 ҳазор нафар донишҷӯёнро аз пардохти роҳкирои нақлиёт озод кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми донишҷӯёни макотиби олии кишварро, ки дар намоишномаи театрикунонидашуда ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок карда буданд, аз пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт озод кард. Тамоми муддати соли хониш, яъне 9 моҳ 12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. […]

Аваз Юлдошев

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми донишҷӯёни макотиби олии кишварро, ки дар намоишномаи театрикунонидашуда ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок карда буданд, аз пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт озод кард.

Тамоми муддати соли хониш, яъне 9 моҳ 12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо билетҳои махсуси роҳкиро (проездной) дода мешавад.

Ин қарор дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шуд, ки бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа доир гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 2 январ то 26 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе марафони меҳнати созанда гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...