Зодаи Исфара вакили Думаи давлатии Русия интихоб шуд

Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов барандаи интихобот шуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 22 сентябр эълон мешавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот […]

Радиои Озодӣ

Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов барандаи интихобот шуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 22 сентябр эълон мешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот Раҳим Азимов шахси боэътимоди Владимир Путин, президенти Русия буд. Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара мебошад.

Дар корномаи расмии ӯ гуфта мешавад, ки Раҳим Азимов соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи коркарди маъдан» хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар Русия монда дар соҳаи саноат кор кардааст. Баъди солҳои 1996 дар мақоми намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия, раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия кор кардааст.

Дар оғози солҳои 2000-ум узви Шӯрои Федератсия, баъдан Кумита оид ба назорат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор кардааст. Дар солҳои 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 муовини раис оид ба масоили иҷтимоии «Корхонаи кимиёии Кирово» ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шуд.

Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори улуми техникӣ аст. Раҳим Азимов дар тӯли 26 соли зиндагӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена се фарзандро ба воя расондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...