ВКД аз бозгашти 151 шаҳрванди муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ маълумот дод

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз оғози соли 2016 то 1 сентябр  151 шаҳрванди кишварро, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Ин афрод аъзои фаъоли созмонҳои террористии «Давлати исломӣ» (133 нафар), «Ҷамоати ансоруллоҳ» (5 нафар), «Гурӯҳи Назарзода» (4 нафар), «Ҳизб-ут-Таҳрир» , «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷамоати таблиғ» ва дигар созмонҳои […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз оғози соли 2016 то 1 сентябр  151 шаҳрванди кишварро, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд.

Ин афрод аъзои фаъоли созмонҳои террористии «Давлати исломӣ» (133 нафар), «Ҷамоати ансоруллоҳ» (5 нафар), «Гурӯҳи Назарзода» (4 нафар), «Ҳизб-ут-Таҳрир» , «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷамоати таблиғ» ва дигар созмонҳои муташаккили ҷиноӣ будаанд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо», ки дар доираи лоиҳаи «Калкан»-и Ташкилоти байналмилалии полиси зидди ҷиноятӣ (Интерпол) дар Душанбе ҷараён дорад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин хусус маълумот дод.

«Дар натиҷаи тадбирҳои кормандони милитсия дар ин давра 75 нафар тоҷикистониёни ба гуноҳашон иқроршуда ба ватан баргаштанд, ки ихтиёрӣ аз иштироки минбаъда дар низоъҳои мусалалҳона даст кашиданд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои вазир, ин шахсон аз Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Сурия ба ватан баргашта, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин вохӯрӣ рӯзи 19 сентябр ба кор шурӯъ намуда, дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур муборизаи якҷояи кишварҳои аъзои Интерпол аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.