Тақвияти назорат аз болои ҳузури ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ

Asia-Plus

Дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо иштироки муовини сардори Хадамоти мазкур, полковники милитсия Нуралӣ Сафаров, кормандони вобасташудаи ниҳод, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамон таҳти унвони шартии «Нелегал-2016» ҷамъомад доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамасола дар ду марҳила бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳолат ва сабабҳои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, даст ба ҷиноят задани шаҳрвандони хориҷӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СААД санҷишҳои (рейдҳои) муштараки «Нелегал» гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад, дар асоси Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ амалиёти муштарак бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои ВКД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои поёнии онҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз санаи 19-уми сентябр то 7-уми октябри соли 2016 гузаронида мешавад.

Дар баргузории чорабиниҳо, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншооти корӣ, муайяну ошкор  намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бе раводид, беқайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои бе эътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, мавриди санҷиш қарор дода шуда, инчунин муайян ва ошкор намудани ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки ба хариду фурӯши одамон машғул мебошанд ва ошкор намудани дигар ҷиноятҳо гурӯҳҳои корӣ фаъолият мебаранд.

Дар марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 майи соли равон доир гардид, қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷиён ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санҷида шуд.

Дар марҳилаи якум нисбати 285 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Тоҷикистон вайрон намуданд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 47 нафарашон (ҳамин давраи соли 2015 – 13  нафар) аз қаламрави Тоҷикистон бо қарорҳои судӣ берун карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...