Посухи ҳукумат ба иттиҳоми ҲНИТ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Варшава

Asia-Plus

Дар Варшава намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқи байнулмилалӣ ва намояндагони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, ҳамчунин «Гурӯҳи 24» посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии «Давлати исломӣ» номид.

«Дар робита ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, санаи 29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон террористӣ ва ифротгаро эътироф шуда, ин пурра ба санадҳои байнулмилалии СММ оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозӣ мутобиқ аст», – изҳор намуд намояндаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар машварати САҲА оид ба ченаки иноснӣ, ки дар Варшава ҷараён дорад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мусаллаҳ бевосита бо иштироки фаъолони ҲНИТ ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст заданд, ки дар натиҷа 14 нафар кормандони мақомоти интизомӣ ҳалок ва 19 нафар маҷрӯҳ шуда, дар маҷмӯъ шумори ҳалокшудагон 52 нафарро ташкил дод.

«Аъзои ҲНИТ мунтазам ба содир кардани дигар ҷиноятҳои марбут ба терроризм, аз ҷумла дастгирии созмони байнулмилалии террористии Давлати исломӣ даст мезаданд», – иброз дошт намояндаи Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба ҷавобгарӣ танҳо шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки ҷиноят содир кардаанд, на аъзои оила ва дигар шахсони наздики онҳо. «Ин ҷо изҳороти пурсарусадое садо дод, ки гӯё баъди амалҳои ҷонибдорони ҲНИТ дар Варшава, чанде аз аъзои оилаи онҳо дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ин нахустин чунин изҳороти «пурсарусадо»-и собиқ аъзои ҲНИТ нест. Ҳамчунин дар бораи шиканҷаву боз дигар чизҳо низ изҳороти онҳо садо дода буд, вале дар ҷараёни санҷиш ҳеҷ кадоме аз онҳо тасдиқи худро наёфт», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати изҳороти ахир ӯ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон занг зада, чунин посух гирифтааст: «Ҳеҷ касе аз аъзои оилаи намояндагони ҲНИТ ба мақомот даъват нашудаву дар робита ьа аксияи эътироз дар Варшава боздошт нашудааст».

Чанде қабл дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд. Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон – аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.

Рӯзи 20 сентябр бошад, Стив Свердлов гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр карданд, ки дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар ин робита созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch баёнияе интишор намуда, дар он зикр гардида буд, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад ва ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати газидани гӯши сокинони пойтахт аз сӯйи як мард ва ду духтар хабар дод. Ҳар ду...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард

Созишнома имкон медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро дар ватан гузаранд.