Ба вазъи солимии духтари 14-солаи дар садамаи нақлиёт ҷабрдида кӣ масъул аст?

Ин садамаи нохуш, ки бар асари он Мижгона Бӯтаева осеб дид, ҳанӯз 16 август дар Душанбе рух дода, ба он корманди сафорати Олмон дар Тоҷикистон гунаҳкор номида шуд. Айни замон духтари 14-сола ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад, вале оилаи онҳо барои ин маблағ надоранд. Дар намояндагии дипломатии Олмон мегӯянд, ки корманди онҳо гунаҳкор нест. Дар […]

Asia-Plus

Ин садамаи нохуш, ки бар асари он Мижгона Бӯтаева осеб дид, ҳанӯз 16 август дар Душанбе рух дода, ба он корманди сафорати Олмон дар Тоҷикистон гунаҳкор номида шуд. Айни замон духтари 14-сола ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз дорад, вале оилаи онҳо барои ин маблағ надоранд. Дар намояндагии дипломатии Олмон мегӯянд, ки корманди онҳо гунаҳкор нест.

Дар садамаи нақлиёти мазкур, ки назди боғи ҳайвоноти пойтахт ба вуқӯъ пайваст, ду нафар духтарони наврас аз ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) бар асари зери чархи автомашинаи корманди сафорати Олмон мондан осеб дида, баъди бистарӣ шудан дар бемористон, Мижгона ба хонаашон рухсатӣ шудаааст, вале баъдан вазъи солимии ӯ бад мешавад.

Яке аз наздикони Мижгона Бегҷон Бӯтаев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки барои ҷарроҳии таъҷилии ӯ дар як дармонгоҳи Ҳиндустон 8 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. «Намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамеша Мижгонаро аёдат карда, ваъда медиҳанд, ки сафорати Олмон барои ҷарроҳии ӯ маблағ медиҳад, вале то ҳол ин маблағ ба дасти мо нарасидааст», – иброз дошт ӯ.

Дар сафорати Олмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷабрдидагон зери чархи таксии мусофирбар монда, яке аз духтарон, ки камтар осеб дидааст, аз зарба зери чархи автомашинаи сафорат меафтад.

«Ин ҷо пурра масъулиятро ба дӯш гирифтан душвор аст, вале аз лиҳози инсонӣ мо ин масъаларо ҳал карданием ва бо ВКХ ва ширкати суғуртавӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағ барои ҷарроҳии Мижгона гуфтушунид дорем», – гуфтанд дар сафорат.

Дар ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса изҳор намуданд, ки ҷабрдидагону шоҳидон дар ин хусус баёнот дода, он вақт автомашинаро на корманди қатории сафорат, балки корманде идора мекардааст, ки мақоми дипломатӣ дорад ва аз ин рӯ, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.