Ҳангоми интихоби ташкилоти молиявии қарзӣ ба чӣ аҳамият додан лозим аст.

Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи чӣ хел ба таври дуруст интихоб кардани ташкилоти молиявию қарзӣ (ТМҚ)-ро барои ҳамкорӣ сухан гуфтем. Имрӯз мо ин мавзӯъро идома дода, батафсил ҳангоми интихоби ташкилоти молиявии қарзӣ ба чӣ аҳамият доданро баён мекунем. Яке аз меъёрҳои асосӣ ҳангоми интихоби ТМҚ мӯҳлати мавҷудият ва фаъолияти ӯ дар бозори молиявӣ аст. […]

Лоиҳаи муштараки «Азия-Плюс» ва «Спитамен Бонк»

Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи чӣ хел ба таври дуруст интихоб кардани ташкилоти молиявию қарзӣ (ТМҚ)-ро барои ҳамкорӣ сухан гуфтем. Имрӯз мо ин мавзӯъро идома дода, батафсил ҳангоми интихоби ташкилоти молиявии қарзӣ ба чӣ аҳамият доданро баён мекунем.

Яке аз меъёрҳои асосӣ ҳангоми интихоби ТМҚ мӯҳлати мавҷудият ва фаъолияти ӯ дар бозори молиявӣ аст. Ба гуфтаи коршиносон, давраи мутаносиб на камтар аз 5-6 сол ҳисобида мешавад. Нуқтаи муҳими дигар, рушди ТМҚ дар давраи бӯҳронӣ аст. Меъёри навбатӣ ҳисоботи молиявии расмӣ аст. Бонкҳо ҳисоботи молиявии солонаро дар ВАО, пас аз тасдиқи он аз ҷониби ташкилоти аудитӣ нашр менамояд.

Ин талабот ба ташкилотҳои молиявии хурд (ТМХ) ҷорӣ нест, бинобарин дастрасӣ ба ҳисоботи молиявии онҳо мушкил аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки  ТМХ маълумотро дар сомонаҳои худ нашр мекунанд.

Дар ҳолатҳое, ки ҳисоботи молиявӣ дастрас аст, нишондиҳандаҳои зерин бояд омўхта шавад: ҳаҷми сандуқи қарзӣ, сифати он, пардохтпазирӣ, афзоиши даромад ва ғайра. Агар арзёбии ин нишондиҳандаҳо мусбат бошанд, онгоҳ гуфтан мумкин аст, ки ТМҚ боэътимод аст.

Низоми суғуртаи амонатҳо. Дохил будани ТМҚ-и интихоб шударо дар низоми суғуртаи амонатҳо муайян кардан лозим аст.

Муассисони ТМҚ. Дар бораи аъзоёни муассисони ТМҚ омӯзед. Агар ба аъзогии муассисон ширкатҳои маъруф ё ташкилотҳои молиявии байналмилалии обрӯманд дохил бошанд, ин бартарии бузург аст ва баръакс мавҷудияти ширкат ё шахсони алоҳида бо шӯҳрати манфӣ бояд ба мизоҷ даракдиҳанда бошад. Мо бояд ба саволи худ ҷавоб диҳем: Оё ман бо ҳамин ТМҚ ҳамкорӣ кардан мехоҳам?

Обрӯи ТМҚ. Ҳар ТМҚ-и ҷиддӣ дар бораи обрӯи худ ташвиш дошта, барои баланд кардани он пайваста саъю кўшиш менамояд. Обрӯи олӣдараҷа аз сарчашмаҳои расмӣ бояд ташкил шуда бошанд: ВАО, агентиҳои рейтингӣ, аз баррасии коршиносон ва таҳлилгарони бозор. Барои ба хулоса омадан бояд ҳам фикру ҳисоби манбаъҳои ғайрирасмӣ ва ҳам манбаъҳои расмиро дар назар гирифт. Инчунин аз дӯстон ва хешовандоне, ки бо ТМҚ ҳамкорӣ намудаанд. Тафсирҳо дар сурати оқилона истифода бурдани иттилоот метавонад бисёр кӯмак намоянд. Масалан, агар маълумоти манфӣ дар бораи ТМҚ беш аз 90%, бошад, эҳтимол фаъолияташон он қадар  дилхоҳ нест. Қалбакӣ кардани 90-100% -и тафсирҳо душвор аст ва баръакс, агар шумораи тафсирҳои мусбат беш аз 90% бошад, он гоҳ бонк сазовори диққати қарзгир аст. Мутаасифона ҳолатҳое, ки рақибон тафсирҳои манфӣ менависанд низ вуыуд доранд.

Сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон. Ҳар як мизоҷ фикри худро оиди сатҳи хизматрасонӣ ва сифати он дорад. Ҳар як ТМҚ стандартҳои хизматрасонии мизоҷ ва сифати онро таҳия ва амалӣ мекунад. Муҳим он аст, ки муошират дар дохили ТМҚ ва хизматрасонӣ ба мизоҷон чи тавр сурат мегирад. Ба дастрасиву шаффофияти иттилоот дар тахтаҳои иттилоотии ТМҚ диққат диҳед. Маълумоти пешниҳоднамудаи онҳо бояд пурра бошад, аз ҷумла: механизми дида баромадани арзу шикоят; зудӣ ва шаффофият (ҷавоби хаттӣ ба арзкунанда бояд дар давоми 10 рўзи тақвимӣ пешниҳод карда шавад); инчунин дигар маводи иттилоотӣ, ки ба мизоҷон муфиданд.

ТМҚ  бояд аз ҷиҳати хизматрасонӣ пурра ба талаботи Шумо ҷавобгӯ бошад.

Интернет-банкинг ва онлайн технологияҳо. Мавҷудияти Интернет-бонкинг ва онлайн технологияҳои пешрафта, ба мизоҷон барои назорати ҳисоби худро, бидуни омадан ба ТМҚ имкон медиҳад. Бо ёрии Интернет-бонкинг мизоҷи ТМҚ метавонад, амалиёти гуногунро анҷом медиҳад.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ.58 истифода шудааст.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

70% хариду фурӯши манзил дар пойтахт: “Somon.tj” бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистонро барои семоҳаи аввали соли 2026 арзёбӣ кард

“Somon.tj” – пойгоҳи №1 дар соҳаи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили бозорро барои семоҳаи якуми соли 2026 (Q1 2026) нашр кард. Натиҷаҳо нишон...

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг