Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи раисони Судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад; – Ба муносибати ҷашни зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар майдони назди Қалъаи Ҳисор операи Ш.Сайфиддинов «Рӯдакӣ» намоиш дода мешавад; – 22-23 сентябр дар Душанбе намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: таҳдидҳо ва имконот» конфронс ва […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи раисони Судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад;

– Ба муносибати ҷашни зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар майдони назди Қалъаи Ҳисор операи Ш.Сайфиддинов «Рӯдакӣ» намоиш дода мешавад;

– 22-23 сентябр дар Душанбе намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: таҳдидҳо ва имконот» конфронс ва дар мавзӯи «Ҷалби аудитория: шаклҳои нав» форуми байнулмилалӣ мегузаронад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8718 сомонӣ;

1 евро – 8.7771 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1194 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Рӯдакӣ

1961 – Комбинати хонасозии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ ва масолеҳи аввалинро истеҳсол кард.

1991 – Дар Душанбе зимни гирдиҳамоии 14-рӯза муҷассамаи В.И.Ленин барканда шуда, фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон боздошта шуд.

2007 — Дар Душанбе нахусти китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон боз шуд.

2011 — Президенти ҶТ дар маросими ба истифода додани корхонаи «Аввалин»-и истеҳсоли кислотаи глитсеринишуда дар ноҳияи Қубодиён, ки  содирот мешавад, ширкат варзид.

1937 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Ҷӯра Бақозода.

1940 – Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +30+32.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.