HRW доир ба шикори мунаққидон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон

ғ Ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд, – мегӯянд муаллифони филми мустанаде бо номи “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад”. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, муаллифон – созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch (HRW)ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 21 сентябр филмро дар нишасти САҲА дар […]

Радиои Озодӣ

ғ Ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд, – мегӯянд муаллифони филми мустанаде бо номи “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад”.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, муаллифон – созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch (HRW)ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 21 сентябр филмро дар нишасти САҲА дар Варшава бо ҳузури қаҳрамонҳои аслии ин мустанад – фаъолони мухолифин аз ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” муаррифӣ мекунанд. Фаъолони ҳуқуқи башар дар ин филм аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, СММ, САҲА ва дигар ҳамкорони Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ба хотири ислоҳот ба ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кунанд.

Дар баёнияи Human Rights Watch, ки рӯзи 21 сентябр дар сайти ин созмон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад, ки дар 20 соли охир бесобиқа будааст. Дар давоми ду соли охир мақомот даст ба боздошт, зиндонӣ кардан ва шиканҷаи аъзои созмонҳои мамнӯи мухолифин даст задаанд, мегӯяд созмон.

Қаҳрамонони филм мегӯянд, дар баробари сиёсатмадорон, даҳҳо ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар нисбати ҳукумат андешаҳои интиқодӣ баён мекарданд, боздошт шуда, баъди фирори садҳо фаъолон аз кишвар, ҳукумати Тоҷикистон шикори онҳоро дар хориҷ ба роҳ монд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, дар шароите, ки бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тавсеа меёбад, Вашингтон, Брюссел ва дигар ҳамкорони байналмилалии Тоҷикистон ҳеҷ амале анҷом намедиҳанд.

Чанде қабл дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд. Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон – аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.

Рӯзи 20 сентябр бошад, Стив Свердлов гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр карданд, ки дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.