Русия баҳри беҳбуди солимии кӯдакони тоҷик 1,43 млн. $ ҷудо мекунад

Имрӯз дар Душанбе миёни сафорати Русия ва намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар бораи шарикии сесола созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳукумати Русия баҳри беҳбудии солимии кӯдакони тоҷик 1,43 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Дар маросими имзои лоиҳа, ки дар бинои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон доир гардид, муовини аввали вазири […]

Мавзуна Абдуллоева

Имрӯз дар Душанбе миёни сафорати Русия ва намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар бораи шарикии сесола созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳукумати Русия баҳри беҳбудии солимии кӯдакони тоҷик 1,43 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Дар маросими имзои лоиҳа, ки дар бинои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон доир гардид, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор дошт, ки ин тадбир бахусус ба коҳиши мизони беморӣ ва марги барвақтии кӯдакон мусоидат мекунад.

«Амалисозии лоиҳа ҳамчунин пешниҳоди хизматгузориҳо дар мавриди барвақттар дарёфт ва дахолат кардан ба бемориҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз рушд қафомондаро таъмин мекунад», – иброз дошт номбурда.

Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, дар доираи татбиқи лоиҳа ҳудуди 40 ҳазор нафар тифлон, кӯдакони хурдсол, оила ва хонаводаҳои онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ҳар соле муддати ин се сол аз хизматгузориҳои беҳтари тиббӣ нисбати солимии модарону кӯдакон ҳам дар муассисаҳои тиббӣ ва ҳам дар шароити нигоҳубини хона истифода кунанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд кард, ки ҳадафи аслии татбиқи лоиҳа тавсеъаи дастрасии модарони тифлони навзод ва кӯдакони хурдсол ба хизматгузориҳои заминавии тандурустӣ дар 12 ноҳияи ҷумҳурӣ аст.

«Бовар дорам, ки маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур аз ҷониби Русия саҳми амалӣ дар коҳиши сатҳи маргумири кӯдакон дар Тоҷикистон хоҳад буд», – гуфт сафир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.