Фаъолони «Пешоҳанг» аз САҲА посух ба муроҷиаташонро хостанд

Наздики 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг»-и Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр назди бинои Дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, аз ин ниҳод посух ба муроҷиаташонро дархост намуданд. Ба гуфтаи яке аз пешвоёни созмони «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов, дар муроҷиати рӯзи 20 сентябр ба САҲА ирсолнамуда аз он изҳори тааҷҷуб шуда буд, ки чӣ гуна рӯзи 19 […]

Аваз Юлдошев

Наздики 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг»-и Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр назди бинои Дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, аз ин ниҳод посух ба муроҷиаташонро дархост намуданд.

Ба гуфтаи яке аз пешвоёни созмони «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов, дар муроҷиати рӯзи 20 сентябр ба САҲА ирсолнамуда аз он изҳори тааҷҷуб шуда буд, ки чӣ гуна рӯзи 19 сентябр ҷонибдорони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24», ки Суди олии Тоҷикистон онҳро террористиву ифротгаро эълон кардааст, бидуни монеъа ба толори ҷаласаи САҲА дар Варшава ворид шудаанд.

Намояндагони созмони «Пешоҳанг»-ро муовини роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Фабиои Пиана ба ҳузур пазируфта, посух додааст, ки муроҷиати онҳо ба САҲА тарҷума ва қароргоҳи Созмон фиристода шудааст.

Созмони ҷавонони «Пешоҳанг», ки ҳайаташ асосан аз донишҷӯёни макотиби олӣ иборат аст,  соли 2015 таъсис дода шуд. Ба гуфтаи яке аз роҳбарони он, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Аслиддин Хушвахтов, ҳадафи аслиии созмон пешгирии гаравидани ҷавонони тоҷик ба ҳама гуна созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.