Боздошти муваққатии ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия

Агентии федералии иттилоотии Русия истинодан ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст, ки ихроҷи муҳоҷирон барои нақзи қонун муваққатан боздошта шудааст ва сабаби ин дар он будааст, ки Русия барои интиқол ва ҳуҷҷатгузории нақзкунандагони қонунҳо пул надорад.  Хабаргузории TojNews менависад, моҳи апрели соли 2016 Хадамоти федералии муҳоҷират дар Русия барҳам дода шуд ва вазифаҳои […]

TojNews

Агентии федералии иттилоотии Русия истинодан ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст, ки ихроҷи муҳоҷирон барои нақзи қонун муваққатан боздошта шудааст ва сабаби ин дар он будааст, ки Русия барои интиқол ва ҳуҷҷатгузории нақзкунандагони қонунҳо пул надорад. 

Хабаргузории TojNews менависад, моҳи апрели соли 2016 Хадамоти федералии муҳоҷират дар Русия барҳам дода шуд ва вазифаҳои онро ба ВКД доданд. Буҷаи ин ниҳод ҳанӯз соли 2015 тасдиқ шуда буд ва иҷрои вазоифи нав пули дигар талаб мекард, ки дар буҷа ба назар гирифта нашуда буд. 

Гуфта мешавад, марказҳои нигаҳдории муваққатӣ ҳоло пуранд ва барои боздоштшудагони нав ҷой ҳам нест. Масалан, дар Санк-Петербург ба ҷойи 170 нафар дар як боздоштгоҳ то 240 нафар нигаҳдорӣ мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистонанд. Инҳо пештар ё дар кишварашон ё дар Русия доғи судӣ доштаанд, аз ин рӯ озод кардани онҳоро қонун манъ мекунад. 

На танҳо барои ихроҷи нақзкунандагон, балки ҳатто барои ҳуҷҷатгузориҳо пул намерасад.

Манбаъ гуфтааст, аз мақомоти пулис барои ихроҷ ба консулгариҳои ин кишварҳо муроҷиат мекунанд, вале дипломатҳо низ танҳо дар сурати пардохти консулӣ иҷозат медиҳанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.