Таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 сентябр дар бораи таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова фармонҳо ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон ва сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 сентябр дар бораи таъини аввалин сафирони Тоҷикистон дар Лубнон ва Молдова фармонҳо ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуло Зубайдов ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон ва сафири Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин карда шуд.

Бо фармонҳои дигари президент Искандарзода Тоҳир Саъдоншо аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Раҳимиён Амрулло Абдуҷабор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамчунин Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.