Вазорати нақлиёт ба истифодаи дучарха ё пиёдагардӣ даъват мекунад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар санаи ҷашни рӯзи "Умумиҷаҳонии бе автомобил" (22 сентябр) аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки барои ҳаракат аз воситаҳои камзарар истифода намоянд. Дар маълумоти Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки мақсад аз эълони чорабинии мазкур огоҳ намудани шаҳрвандон аз таъсири манфии партовҳои газии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии […]

Пайрав Чоршанбиев

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар санаи ҷашни рӯзи "Умумиҷаҳонии бе автомобил" (22 сентябр) аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки барои ҳаракат аз воситаҳои камзарар истифода намоянд.

Дар маълумоти Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки мақсад аз эълони чорабинии мазкур огоҳ намудани шаҳрвандон аз таъсири манфии партовҳои газии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии одамон ба ҳисоб меравад.

«Бо ин васила ҷиҳати пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар сохтани сатҳи экологии ҳавои фазо аз шаҳрвандои (бахусус аз соҳибони воситаҳои нақлиёт) даъват карда мешавад, ки аз нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар ё камзарар (велосипед, тролейбус, пақлиёти ҷаъмияти ё худ пои пиёда, ки ба саломатии одам фоида дорад) истифода баранд то каме ҳам бошад фазои муҳити зистро аз партовҳои воситаҳои нақлиёг ҳифз намоянд», – даъват мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти шуъбаи таҳлили Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 ҳазору 800 адад нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 61 ҳазору 007 ададаш мавриди истифода қарор доштаанд. Аз шумори умумии нақлиёт 52 ҳазору 300 ададаш ё худ 85,7%-аш ба бахши хусусӣ мансуб аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.