Донишҷӯёни Рашт: Чаро САҲА чунин рафторашро ба кишварҳои абарқудрат раво намебинад

TojNews

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аз САҲА интиқод кардаанд, ки гуруҳҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ба толори баргузории ҷаласа роҳ додааст.

Хабаргузории TojNews бо истинод ба иттилоияи донишҷӯён менависад, гурӯҳи донишҷӯён гуфтаанд, “Полша кишварест, ки аъзои  Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст.

Ин донишҷӯён суол гузоштаанд, ки САҲА “чаро ин рафторашонро нисбат ба ҷинояткорон аз кишварҳои абарқудрат, ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбат ба Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд,  раво мебинанд.”

– Рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мо донишҷӯёнро сахт нигарон кардааст, ки дар гуфтор зидди терроризму экстремизм буда, дар асл онҳоро тарафдорӣ карда истодаанд. Агар ин хел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласаҳо роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ  дар Аврупо (САҲА) –ро маҳкум менамоем,-омадааст дар изҳороти Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт.

Қобили зикр аст, ки қаблан намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони мухолифон посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии Давлати исломӣ номид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...