Донишҷӯёни Рашт: Чаро САҲА чунин рафторашро ба кишварҳои абарқудрат раво намебинад

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аз САҲА интиқод кардаанд, ки гуруҳҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ба толори баргузории ҷаласа роҳ додааст. Хабаргузории TojNews бо истинод ба иттилоияи донишҷӯён менависад, гурӯҳи донишҷӯён гуфтаанд, “Полша кишварест, ки аъзои  Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс […]

TojNews

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аз САҲА интиқод кардаанд, ки гуруҳҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ба толори баргузории ҷаласа роҳ додааст.

Хабаргузории TojNews бо истинод ба иттилоияи донишҷӯён менависад, гурӯҳи донишҷӯён гуфтаанд, “Полша кишварест, ки аъзои  Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст.

Ин донишҷӯён суол гузоштаанд, ки САҲА “чаро ин рафторашонро нисбат ба ҷинояткорон аз кишварҳои абарқудрат, ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбат ба Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд,  раво мебинанд.”

– Рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мо донишҷӯёнро сахт нигарон кардааст, ки дар гуфтор зидди терроризму экстремизм буда, дар асл онҳоро тарафдорӣ карда истодаанд. Агар ин хел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласаҳо роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ  дар Аврупо (САҲА) –ро маҳкум менамоем,-омадааст дар изҳороти Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт.

Қобили зикр аст, ки қаблан намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони мухолифон посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии Давлати исломӣ номид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.