Оғози раъйпурсии тағйири Конститутсия дар Озарбойҷон

Радиои Озодӣ

Дар Озарбойҷон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру иловаҳо ба конститутсия оғоз ёфт, ки аз ҷумла тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 солро дар назар дорад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 8 субҳ боз шуданд ва соати 7 шом ба вақти маҳаллӣ баста мешавад. Дар маҷмӯъ 29 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод шудааст ва раъйдиҳандагон метавонанд, ба тарафдорӣ ва ё мухолифи пешниҳодоти алоҳида раъй диҳанд.

Бар иловаи тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ, дар тарҳи нави Қонуни асосии Озарбойҷон таъсиси ду мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст, ки ҳардуро президент таъйин ва ё аз мақом барканор мекунад. Дар сурати қабули ислоҳот, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳақ пайдо мекунад, порлумонро пароканда карда ва интихоботи зудрас эълон кунад.

Синни номзад ба раиси ҷумҳур, ки ҳоло 35 сола таъйин шудааст, аз байн бурда мешавад ва ҷавонони 18 сола низ метавонанд, худро ба мақоми номзад ба вакили маҷлис пешбарӣ кунанд. Бар асоси Конститутсияи феълӣ синни номзад ба мақоми вакил набояд поинтар аз 25 сол бошад.

Ислоҳоту тағйирот ба Қонуни асосии Озарбойҷонро як талоши дигари ҳукумати барои таҳкими қудрат дар дасти раиси ҷумҳур Илҳом Алиев аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар Илҳом Алиевро барои саркӯб кардани дигарандешону матбуот пайваста танқид мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...