Татбиқи консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа» соли оянда оғоз мегардад

Механизмҳои амалисозии консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа», ки ба хотири дастгирии рушди забони русӣ дар хориҷи Русия нигаронида шудааст, алҳол танҳо мавриди таҳия қарор дошта, ин кор то соли оянда идома меёбад. Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе конфронси панҷуми минтақавии ҳамватанони русиягии кишварҳои хориҷи наздик доир гардид. Конфронс дар Маркази илму фарҳанги Русия баргузор […]

Лилия Гайсина

Механизмҳои амалисозии консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа», ки ба хотири дастгирии рушди забони русӣ дар хориҷи Русия нигаронида шудааст, алҳол танҳо мавриди таҳия қарор дошта, ин кор то соли оянда идома меёбад.

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе конфронси панҷуми минтақавии ҳамватанони русиягии кишварҳои хориҷи наздик доир гардид. Конфронс дар Маркази илму фарҳанги Русия баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои 14 кишвар – Абхозистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат варзиданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози минтақавии ҳамватанони русиягии кишварҳои хориҷи наздик Максим Краменко ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки консепсияи «Мактаби русӣ дар хориҷа» қабул ва маъқул шуморида шуда, айни замон механизмҳои амалисозии он мавриди таҳия қарор доранд ва он то конфронси минбаъдаи соли 2017 пурра омода мешавад.

Қобили зикр аст, ки консепсияи мазкур охири соли гузашта қабул шуда, ба дастгирии забони русӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷи Русия нигаронида шудааст. Дар доираи татбиқи консепсия моҳи сентябри соли 2016 нахустин мактаб дар Бишкек ба фаъолият шурӯъ кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.