Клипи нави Ҷонибек Муродов ба ёдбуди дӯсти ҳалокшудааш

Клипи нави суруди Ҷонибек Муродов «Небеса» (Осмонҳо) ба ёдбуди дӯсташ Сергей Карачун, ки як сол қабл ба таври фоҷеаомез ҳалок шуд, бахшида шудааст. Коргардони клипи санаи 23 сентябр дар телевизиони Украина муаррифишуда клипсози маъруф ва шоумени Украина Алан Бадоев мебошад. Қаблан Ҷонибек Муродов эътироф карда буд, ки ахиран албомҳои худро мунташир намекунад. «Ҳар як суруди […]

Asia-Plus

Клипи нави суруди Ҷонибек Муродов «Небеса» (Осмонҳо) ба ёдбуди дӯсташ Сергей Карачун, ки як сол қабл ба таври фоҷеаомез ҳалок шуд, бахшида шудааст.

Коргардони клипи санаи 23 сентябр дар телевизиони Украина муаррифишуда клипсози маъруф ва шоумени Украина Алан Бадоев мебошад.

Қаблан Ҷонибек Муродов эътироф карда буд, ки ахиран албомҳои худро мунташир намекунад. «Ҳар як суруди нави ман рӯзи дигараш аллакай дар Интернет пайдо мешавад ва нашри албом ҳеҷ маъние надорад, – гуфтааст ӯ бо ишора ба дуздии сурудҳо. – Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки ҳар як лоиҳаи нави худро мустақилона дар интернет нашр созам ва муддати ҳар 3-4 моҳ ман табъи ҳаводорони худро бо суруди видеоклипҳои нав болида месозам».

Ин дафъа низҶонибек ба ваъдаи худ вафо карда, клипи навашаро дар саҳифаи фейсбукии худ ҷой додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.