Анҷоми се лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар ВМКБ

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока рӯзҳои 20-25 сентябри соли 2016 ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар намуда, дар маросимҳои анҷом ёфтани 3 лоиҳае, ки тавассути Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гаштаанд, ширкат варзид. 

Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо иштироки раисони ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ванҷи ВМКБ ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи умумии лоиҳаҳо 266,338 доллари ИМА ро ташкил дод.

Санаи 21 уми сентябр сафир ба ноҳияи Ванҷ барои бомуваффақият хотима ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ ва роҳсозӣ ба ноҳияи Ванҷ» ташриф овард. Бо дастрас намудани техникаи нави кишоварзӣ, деҳқонони ҷамоати Язғулом минбаъд имкони баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ пайдо карданд. Маросим бо иштироки Давлатбибӣ Раҷабова, раиси нохияи Ванҷ ва қисмате аз дехқонон ва мардуми ҷамоати Язгулом баргузор гашт.

Рузи 23 уми сентябр бо ҳузури Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон, роҳбарони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва сокинони маҳаллӣ маросими анҷоми «Лоиҳаи беҳтар гардонидани канали обёрӣ дар дехоти Миденшор ва Хосаи ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон» баргузор гардид. Тавассути лоиҳаи мазкур, канали обёрӣ куллан такмил ёфта дар ҳалли мушкилоти норасоии об ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар дехоти Миденшор ва Хосаи ҷамоати Поршинев  саҳми босазо хохад гузошт.

Дар таърихи 24 уми сентябр, маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи барқарорсозии бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯшон» бо ширкати Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон ва кормандони ин марказ ва мардуми зиёди маҳаллаи мазкур баргузор гардид. Бо амалишавии лоиҳа, Маркази саломатӣ куллан барқарор гашта, алҳол шароити мусоид ҳам барои кормандон ва ҳам барои хизматрасонӣ ба беморон фароҳам оварда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.