Амали террористии тоҷики маргталаб дар Тикрити Ироқ

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти амали террористӣ дар шаҳри Тикрити Ироқро, ки  рӯзи 24 сентябр содир шуда, бар асари он 12 нафар ҳалок ва 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ба дӯш гирифт. Бино ба маълумоти ин гурӯҳ, яке аз террористони маргталаб тоҷик будааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти дар интернет интишоршудаи Давлати исломӣ қайд […]

Asia-Plus

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти амали террористӣ дар шаҳри Тикрити Ироқро, ки  рӯзи 24 сентябр содир шуда, бар асари он 12 нафар ҳалок ва 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ба дӯш гирифт. Бино ба маълумоти ин гурӯҳ, яке аз террористони маргталаб тоҷик будааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти дар интернет интишоршудаи Давлати исломӣ қайд мешавад, ки 4 нафар ҷангиён – се ироқӣ ва як тоҷик бо номи Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ рӯзи шанбе дар даромадгоҳи асосӣ ба шаҳри Тикрит дар шимоли Ироқ ин амалро содир кардаанд, ки дар натиҷа якчанд кормнадони пулис ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ таҷҳизоти таркандаро ба кор оварда, сипас яке аз ҷангиён автомашинаи дорои маводи таркандаро ба посгоҳ равона мекунад ва ду нафари дигари маргталабон назди издиҳоми кормандони пулис, каме дуртар аз пойгоҳи низомӣ дар Тикрит худро тарконидаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Тикрит ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳ ва марги кормандони худро тасдиқ намуда, вале дар бораи шахсияти ҷангиён ягон маълумоте надодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.