Аминҷон Гулмуродзода – журналисте, ки шаҳрвандӣ надорад

Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода, ки моҳи августи соли равон пас аз афви президент ба озодӣ баромад, то ҳанӯз шахси бидуни шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Чӣ гуна ҳал кардани ин мушкилоти рӯзноманигорро мақомоти расмии Тоҷикистон намедонанд. «Ҳозир дар хонаи ҳамсарам дар Душанбе зиндагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданиам, вале ҳар касе, ки аз қазияи ман огоҳ мешавад, […]

Asia-Plus

Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода, ки моҳи августи соли равон пас аз афви президент ба озодӣ баромад, то ҳанӯз шахси бидуни шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Чӣ гуна ҳал кардани ин мушкилоти рӯзноманигорро мақомоти расмии Тоҷикистон намедонанд.

«Ҳозир дар хонаи ҳамсарам дар Душанбе зиндагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданиам, вале ҳар касе, ки аз қазияи ман огоҳ мешавад, ба тааҷҷуб меоянд. Пештар бо чунин ҳолатҳо дучор нашудаанд», – гуфт ба «Азия-Плюс» Аминҷон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Шуъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД Тоҷикистон, ки бояд ба масоили додани шаҳрвандӣ машғул шаванд, ба ӯ гуфтаанд, ки ба ҳолати кор расидагӣ карда, занг мезананд, вале то ҳол хомӯшанд.

«Айни замон дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ман шаҳрвандӣ додан намехоҳанд. Пештар адвокати ман бо ҷониби Ӯзбекистон дар тамос шуд, вале аз он ҷо баъди пурсишҳои муфассал ҷавоб омад, ки ман шаҳрванди Ӯзбекистон нестам ва ҳуҷҷатҳои маро дар ин кишвар дуруст карда наметавонанд. Ман худам ҳам саргарангам, ки чӣ чора андешам», – мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки  Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола  18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.